Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон шумори кушташудагон дар ҷанг бо Исроилро 935 нафар эълон кард


Эрон омори нави талафоти худ дар ҷанг бо Исроилро эълон кард. Ба навиштаи ИРНА -- хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломӣ, дар ҷанги 12-рӯза бо Исроил, 935 нафар дар ин кишвар кушта шуданд.

Сухангӯи Додгоҳи олии Эрон ҳам рӯзи 30 июн бар асоси охирини маълумоти тибби қонунӣ, шумораи кушташудагонро 935 тан эълон кард ва дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар миёни қурбониён 38 кӯдак ва 102 зан дида мешаванд.

Ин мизони талафот нисбат ба омори қаблие. ки Вазорати тандурустии Эрон эълон карда буд, фарқ мекунад. Ин ниҳод қабл аз барқарории оташбас миёни ду кишвар дар рӯзи 24 июн, шумори қурбониёнро 610 нафар гуфта буд.

Мақомоти Эрон талафоти низомиён ва ғайринизомиёнро аз ҳам ҷудо накардаанд ва маълум нест, ки чӣ теъдод аз кушташудаҳо аз нерӯҳои низомӣ будаанд.

Сухангӯи Додгоҳии олии Эрон ҳамчунин аз афзоиши кушташудагони ҳамлаи ҳавоии Исроил ба зиндони Эвин хабар дод ва гуфт, ки "79 нафар аз муроҷиаткунандагон ва хонаводаҳои зиндониён, ҳайати идории зиндон, ҳамсояҳои ин зиндон ва зиндониён", бар асари ин ҳамла ҷон бохтанд.

Омори қурбониёни ҳамла ба зиндони Эвин пештар 71 нафар эълон шуда буд. Ба гуфтаи сухангӯи Додгоҳи олии Эрон, дар ҳамла ба ин зиндон, муовини додситони Теҳрон низ кушта шудааст.

Созмони фаъолони ҳуқуқи башар қарогоҳаш дар Амрико дар охири гузорише, ки рӯзи ҷумъа, 27 июн пешниҳод кард, шумори кушташудаҳо дар ҳамлаи Исроил ба Эронро 1190 гуфт. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ин ҳамлаҳо 4475 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ин созмон эълон кард, ки аз шумори кушташудаҳо 436 нафар ғайринизомӣ, 435 нафар низомӣ ва 319 нафар низ ҳанӯз шиносоӣ нашудаанд.

Исроил субҳи 13 июн ба таври ногаҳонӣ ба Эрон ҳамла кард, таъсисоти ҳастаӣ, системаҳои дифои ҳавоӣ, мақомоти баландпояи низомӣ ва донишмандони ҳастаиро ҳадаф қарор дод.

Дар муқобил, Эрон давоми 12 рӯзи ҷанг беш аз 550 мушаки баллистикӣ ба Исроил партоб кард. Исроил мегӯяд, ки шумори зиёде аз ин мушакҳоро раҳгирӣ кардааст.

Мушакҳое, ки ба ҳадаф расиданд, дар бисёре аз минтақаҳо хисороти сангин ба бор оварданд. Тибқи гуфтаи мақомоти Исроил, дар ин ҳамлаҳо 28 нафар дар ин кишвар кушта шуданд.

Рӯзи 24 июн раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки Исроил ва Эрон бар сари оташбаси комил ба созиш расидаанд.

Мақомҳои исроилӣ тасдиқ кардаанд, ки пешниҳоди Амрикоро пазируфтаанд ва эълон карданд, ки ба ҳадафҳои худ дар ин амалиёт алайҳи Эрон расидаанд.

Дар муқобил, Теҳрон эълон кард, ки бо водор кардани Телавив ба қатъи якҷонибаи ҳамлааш, ба пирӯзӣ даст ёфтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG