Ҳунарпешагони вилояти Суғд силсилаи намоишҳоеро рӯи саҳна оварданд, ки ба гуфтаашон, орӣ аз сонсур ё сензура буда, қарор аст, ба масъалаҳои рӯзи ҷомеа ҷавобгӯ бошанд. Ин силсилаҳо дар доираи ҳамоиши Drama.Lab бо дастгирии Конфедератсияи Швейтсария дар кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод шудаанд.
Бакорат ва дигар мушкилоти духтарон дар ҷомеаи Тоҷикистон дар меҳвари асосии намоишномаи "Модарам, падарам ва ман – оилаи мустаҳкам" қарор дошт. Ин асар охири ҳафтаи гузашта дар толори Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд рӯи саҳна омад. Саида Юсуфова, ки дар он нақши марказиро мебозад, гуфт, ки намоиш мушкилоти даҳҳо духтарро ифшо сохт.
Саида Юсуфова мегӯяд, чунин масъалаҳо дар байни мардум бисёр чарх мезанаду аммо рӯйпуш мекунанд, то ҳамагон бохабар нашаванд. "Сад дарсад намегӯям, вале 70 ё 80 дарсад ҳамихел ҳаст."
Асар дар муддати кутоҳ рӯи кор омада, ба тарзи хониши "бе қайчӣ" ба тамошобинон пешкаш гардид. Ин шеваи пешниҳод аз дигар намоишҳои театрӣ фарқ дошт ва ҳунармандон гуфтанд, ки бори аввал онро озмудаанд.
Сурайё Санъатова, ҳунарманд мегӯяд, барои ӯ "ин шакли намоиш як мактаб, як озмоиши нав ва диди наву шиносоӣ бо муаллифон аст. Ман орзу мекунам, ки чунин форматҳо бисёртар ҷорӣ шаванд, маҳз дар театрҳои вилояти Суғд. Зеро ин як мактаби калон барои ҳар як ҳунарманд мешавад. Аз ҳеҷ чиз як чӣ сохтанд".
Намоиши мазкур дар доираи лоиҳаи минтақавии "Лабораторияи драмнависони ҷавони Осиёи Марказӣ" баргузор гардид, ки онро Театри Илҳоми шаҳри Тошканд бо дастгирии Конфедератсияи Швейтсария дар кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ сохт. Ҳамоҳангсозони лоиҳа дар вилояти Суғд мегӯянд, ки ин тарҳ бе сонсур ё сензура аст.
Видеоро инҷо бинед:
Коргардон Қурбон Бобоҷонов мегӯяд, ин асарҳо аз ҷониби худи ҷавонон навишта шудааст.
"Ҷавонон аз дарди дили худ ва ё он чизе, ки дар ҷомеа бо чолиш рӯбарӯ аст, ҳаминро рӯи кор овардаанд. Дар инҷо масъалаҳои иҷтимоии муносибати писару падар, духтару падар ва ё муносибати наврас бо шахсони калонсол, ки шуда мегузарад ба саҳна гузошта шудааст. Дар ҳамин намоиш дарди дилашон ифшо карда мешавад,"-афзуд ин коргардон.
Хуршеда Раҳимова, коршинос оид ба рушд дар ташкилоти ҷамъиятии "Ибтидо" мегӯяд, ин намоишномаҳо бидуни сонсур ба тамошобин пешниҳод шуд.
Хонум Раҳимова мегӯяд, "ҳастанд намоишҳое, ки бо контексти давлатӣ ё маъракаҳои сиёсӣ сонсур карда мешаванд. Ё кутоҳ карда шаванду тағйир ёбанд. Лекин ин пйесаҳое, ки дар давоми ду рӯз ба тамошобинон пешкаш менамоем, он ҳатман ҳамон матне аст, ки худи муаллифон ба нақша гирифта буданду мехостанд ба тамошобинон нишон диҳанд, ягон тағйирот нагирифтааст."
Ташаббускорони тарҳ бар инанд, ки лоиҳа ба рушди драматургияи муосир, дастгирии ҳунарпешагон ва асарҳои нав ва фароҳам овардани имконият барои рушдии касбии нависандагони ҷавон равона шудааст. Ин ҳамоиш идомаи қисмати таълимӣ ва эҷодии лоиҳа мебошад, ки дар доираи он 25 асар эҷод шуда, нуҳ адади он дар шаҳри Тошканд рӯнамоӣ шудаанд. Акнун лоиҳа акнун ба Тоҷикистон ва Қирғизистон густариш меёбад.
Намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бораи ин намоишномаҳо расман чизе нагуфтаанд. Дар Тоҷикистон намоишҳои театрӣ пеш аз ба саҳна гузоштан, аз зери назари Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг мегузаранд. Ин шӯро дар гузашта баъзе намоишномаҳоро рад карда буд.
Азҷумла соли 2022 намоиши "Манқурт. Реквием" аз рӯйи асари "Дуроҳаи бӯронӣ"-и Чингиз Айтматов рад шуд. Ин намоишнома дар таҳияи коргардон Барзу Абдураззоқов бояд дар театри "Падида"-и Душанбе рӯйи саҳна меомад. Вале мақомот 19-уми май аз масъулони намоиш хостаанд, онро баргузор накунанд, чун бояд аз назари шӯрои бадеӣ гузарад. Зулфия Давлатзода, вазири вақти фарҳанги Тоҷикистон баъдан дар як нишасти хабарӣ иддао кард, ки коргардон "аз матни асар дур рафта, онро таҳриф кардааст", аммо далели мушаххас наовард. Барзу Абдураззоқов рӯзи 12-уми июл ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳтавои асари Чингиз Айтматовро дигар накард, балки муҳит ва қаҳрамонҳоро тоҷикӣ кард.
Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 20 театри касбӣ мавҷуд аст ва ҳар яке аз онҳо аз 20 то 50 ҳайати эҷодӣ доранд. Солҳои ахир театрҳо барои он танқид мешаванд, ки бинобар камбуди тамошобин, бо миёнравии устодони мактабу донишгоҳҳо хонандагон ва ё донишҷӯёнро маҷбурӣ ба театр меоранд. Иддаое, ки масъулини театр рад мекунанд.