Дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи нави барқи обиро ба кор андохтанд, ки мумкин аст, таъмини кишвар бо нерӯи барқро андаке беҳтар кунад.
Неругоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаро рӯзи 26 июн бо ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Нерӯгоҳи иборат аз се агрегат ва 11 мегаватӣ қодир ба таъмини 220 000 нафар бо нерӯи барқ аст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии кишвар бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтааст: “Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи Себзор имкон фароҳам овард, ки дар Бадахшон истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад.”
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар додааст, ки лоиҳа бо маблағгузории муштараки Олмону Иттиҳоди Аврупо ва аз ҷониби ширкати "Помир Энерҷӣ" амалӣ карда шуд. Ба гузориши намояндагии ИА, неругоҳи "Себзор" 220 ҳазор касро дар ВМКБ ва беш аз 430 ҳазор нафари дигарро дар шимоли Афғонистон бо барқ таъмин мекунад.
Сохтмони нерӯгоҳ соли 2015 оғоз ёфт. Дарозии сарбанди неругоҳ 65 метр ва баландиаш 8.5 метр аст. Тоҷикистон агарчӣ дар фасли тобистон нерӯи барқи беш аз эҳтиёҷи худ тавлид мекунад, аммо ҳар мавсими сармо мардум нерӯи барқро дар соатҳои муайян мегиранд ва ҳукумат барои ин кор пайваста танқид мешунавад.