Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як нафарро барои кӯшиши ворид кардани маблағ ба дохили маҳбас ҷазо додааст.
Ба иттилои Додгоҳи Хуҷанд, моҳи апрели имсол У.М. мехост барои дидорбинии кутоҳ ба назди ҷиянаш ба маҳбаси 3/5-и шаҳри Хуҷанд дарояд. Манбаъ мегӯяд, дар вақти ворид шудан ба зиндон, аз ҷайби ин нафар 460 сомонӣ ёфтанд.
Моддаи 472-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, "ғайриқонунӣ ворид кардани ашёи манъшуда"-ро ба зиндон ва боздоштгоҳҳо манъ кардааст. Дар ин банди қонун номгӯи "ашёи манъшуда" мушаххасан зикр нашудааст.
Дар гузориши Додгоҳи Хуҷанд аз рӯзи 23-юми июн омадааст, парвандаи маъмурӣ нисбати У.М. дар ғайби ӯ баррасӣ гардид, чун ин нафар ба додгоҳ ҳозир нашуд. Назари шахси маҳкумшуда ба иттиҳом маълум нест.
Дар Додгоҳи Хуҷанд гуфтанд, У.М. 750 сомонӣ ҷарима шуда, инчунин 460 сомониаш ҳам мусодира шудааст. Маълум нест, ин шахс аз болои ҳукм шикоят бурдааст ё не.
Ин яке аз камтарин ҳолатҳоест, ки додгоҳҳои Тоҷикистон як нафарро барои кӯшиши ворид кардани маблағ ба зиндон ҷазо медиҳанд.