"Ду нафар ваҳшиёна кушта шуд." Эътирози Озарбойҷон аз рейди пулиси Русия

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон

Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон ба амалкарди неруҳои Русия нисбати муҳоҷирони озарӣ дар Екатеринбург норозигӣ кардааст.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, 27-уми июн дар ҷараёни рейди пулиси Русия "ду озарбойҷонӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуда, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Нуҳ нафар ҳам боздошт шуд."

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфтанд, Петр Волков, кордори муваққати Сафорати Русияро даъват карда, норозигии Бокуро ба ӯ расондаанд.

"Изҳори умедворӣ кардем, ки ин қазия таҳқиқ мешавад ва онҳое, ки дар ин хушунат даст доштанд, ҳарчӣ зудтар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд," - омадааст дар хабари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, амалиёт ва боздошти чанд нафар дар Екатеринбург дар доираи парвандаи ҷиноӣ анҷом шуд. Захарова афзуд, гумонбарон шаҳрвандони Русия ҳастанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, аз тариқи намояндаашон дар Боку ба Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон расондаанд, ки вазъият зери назорати мақомоти тафтишотӣ қарор дорад.

Нашрияи E1 гузориш додааст, ки рӯзи ҷумъаи 27-уми июн қариб 50 озарбойҷонӣ дар Екатеринбург боздошт шуданд. Ба гузориши ин манбаъ, як нафари онҳо ҳангоми боздошт ҳалок шудааст. Сабаби боздошти ӯ бемории қалб гуфта мешавад. Мақомоти Озарбойҷон аз "ваҳшиёна кушта шудан"-и ду озарӣ нигаронӣ карданд.