"Фарзандонамро аз Русия баргардон." Баҳси як зани муҳоҷир бо шавҳараш

Сурайё Орифова ду сол боз фарзандонашро аз наздик надидааст

Як зани тоҷик мегӯяд, ду сол пеш аз Русия ихроҷ шуд ва дар ин муддат шавҳараш иҷоза намедиҳад, ки кӯдаконаш бо ӯ гап зананд. Шавҳар ва кӯдакони ин зан дар Русия ҳастанд. Шавҳараш мегӯяд, ба тамоси кӯдакон бо модар зид нест, вале ба Тоҷикистон бурдани онҳоро мақомоти Русия иҷоза надодаанд.

Сурайё Орифова, сокини шаҳри Душанбе ҳар гоҳ кӯдаконашро ёд кунад, ба аксу навори онҳо менигарад. Сурайё нуҳ сол ҳамроҳи шавҳараш дар шаҳри Красноярск зиндагӣ мекард. Ду сол пеш ӯро бо далели камбуди санадҳои будубошаш аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Мегӯяд, баъди ба Тоҷикистон омадан бо кӯдаконаш суҳбат карда наметавонад, чун шавҳараш иҷоза намедиҳад.

Ин зан даъво дорад, ки шавҳараш кӯдаконро азоб медиҳад ва онҳоро латукӯб мекунад. Шавҳари Сурайё Орифова инро рад мекунад.

"Ман мехоҳам фарзандонро худам нигоҳ кунам. Намехостам зиндагии ман вайрон шавад. Ягон ҷо муроҷиат накардам, бо хурсандӣ пурсидам, ки дар таътили тобистона онҳоро назди ман равон кун, аммо шавҳарам на ба зангҳои телефонӣ ҷавоб медиҳад ва на пул равон мекунад. Гуфтам, пул равон накун, фарзандонро нигоҳ мекунӣ бас, як бор маро пурс, як солу ду моҳ шуд суҳбати телефонӣ надорем, кӯдаконро намемонад бо ман гап зананд. Аз фарзанд ҷудо будан барои модар бисёр мушкил аст,"-мегӯяд Сурайё Орифова.

Муҳаммаднаим Нозилов

Шавҳари ин зан дар бораи қазия назари дигар дорад. Муҳаммаднаим Нозилов гуфт, ба тамоси кӯдакон бо модар зид нест, вале мақомоти Русия иҷозат надоданд, ки фарзандонашро ба Тоҷикистон барад. Зеро худ шаҳрвандии Русияро дорад ва кӯдакон дар ин кишвар ба дунё омадаанд.

Муҳаммаднаим Нозилов, шавҳари Сурайё Шарифова ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони додгоҳ ҳар чанд вақт омада, ҷойи хоби фарзандон ва шароити зиндагии онҳоро мебинанд. "Дар мактаб ҳам хонданашонро мебинанд, пешқадаманд, ҳамаш хуб аст. Агар ман инҳоро латукӯб мекардам, гурусна мемондам, инҳоро гирифта ба ятимхона медоданд,"-мегӯяд Нозимов.

Сабаб ҳарчӣ бошад, аммо Сурайё Орифова мегӯяд, дурӣ аз фарзандон барояш дарди сахт аст. Орифова бовар дорад, ки чунин вазъ барои фарзандонаш ҳам осон нест. "Бо ҳамсояҳо гап мезанам, ки бачаҳои маро мебинед, хубанд? Бачаи калониам занг зад, ки оча дар беморхона ҳастам, маро ҷарроҳӣ карданд, кӯррӯда (апендитсит) аз се ҷой кафидааст.”

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Фарзандонамро баргардон." Талаби як зани муҳоҷир аз шавҳараш

Ягона хоҳиши Сурайё Орифова ба Тоҷикистон овардани фарзандону ҳамроҳ бо онҳо зистан аст.

Як ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Русия, ки барои пеш наомадани мушкил дар кораш нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан бар асоси қонунгузориҳои Русия метавонад кӯдаконро ба Тоҷикистон орад ё худи шавҳараш низ бидуни ҳеҷ мушкили ҳуқуқӣ чунин корро карда метавонад. Ҳуқуқшинос таъкид намуд, ки дар чунин баҳсҳо бартарӣ ба он дода мешавад, ки кӯдакон аз модар ҷудо намонанд.

Ҳар сол садҳо ҳазор корҷӯи тоҷик барои дарёфти ҷои кори муносиб ба Русия мераванд ва дар бораи таъсири ин раванд ба ҳаёту зиндагии кӯдакон, ҷудоии онҳо аз падар ё модар дар гузашта низ нигарониҳо вуҷуд дорад.