Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Баъди дубора ба қудрат расидани Толибон, Тоҷикистон шумораи дидбонгоҳҳоро дар сарҳад бо Афғонистон бештар кардааст.
Додситонии ноҳияи Восеъ як корманди милисаро бо иттиҳоми ҳамла ва захмӣ кардани сокини маҳаллӣ боздошт кардааст. Лейтенанти калон Умедҷон Аминҷонзодаи 24-сола нозири минтақавӣ будааст.
Яке аз пулҳое, ки аз болои он мошинҳои гаронвазн аз Чин ба Тоҷикистон молу маҳсулот меоранд, хатарнок шудааст.
Масъулони Норак эълон карданд, ки обанбори нерӯгоҳ то нуқтаи охирин пур шудаву оби зиёдатиро ба рӯдхонаҳо мерезанд. Ҳамин нерӯгоҳ асосан Тоҷикистонро бо барқ таъмин мекунад. Вале бо вуҷуди изҳороти мақомот, мушкили бебарқӣ дар фасли тобистон ҳам аз байн нарафтааст.
Бо боло рафтани сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи барқии Норак об аз он хориҷ мешавад. Ҳоло дар ин обанбор ба сатҳи зарурӣ об ҷамоварӣ кардаанд.
Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб аз мансаб ба фоидаи ширкати худ истифода мекунад, пули андозу барқро намесупорад, муассисаву хиёбонҳоро ба номи наздиконаш номгузорӣ кардааст.
Мушкилоти молӣ ва нагирифти музди кор сабаб шудааст, ки баъзе аз бозигарони қавиии дастаи "Файзканд" дар рақобатҳои муҳими даста ширкат накунанд.
Як корхонаи бузурги саноатӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз пули барқ миллионҳо сомонӣ қарздор шудааст. Ин дар ҳолест, ки корхонаи нассоҷии “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” чанд соли пеш дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин бунёд шуда, ҳар моҳ даҳҳо миллион сомонӣ даромад мегирад.
Дар Тоҷикистон дарёфти иҷозатномаи заршӯйӣ душвор шудааст. Вазорати молия ба сокинон иҷоза додааст, ки бо даст тило ҷустуҷӯ кунанд, вале як ширкат ба онҳо кор дар мавзеи зархезро манъ кардааст.
Аз устодони унвондор диктант гирифтан дар Донишгоҳи Данғара вокунишҳои гуногунро ба миён овардааст. Раиси ин донишгоҳ дар чаҳорчӯби як иқдом барои баланд бардоштани саводу дониш аз устодон диктант гирифта аст. Дар миёни ширкаткунандагон мудирони факултаҳо ва номзадҳои илм низ буданд.
Радиои Озодӣ дар бораи садамаи мудҳиши шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб, ҷузъиёти бештар пайдо кард. Тибқи иттилои дарёфтӣ, аз миёни 10 қурбонии ҳодиса се нафар занони аз 49 то 59-сола, як ноболиғи 14 ва боқимонда ҷавонони то 26-сола ҳастанд.
Беш аз даҳ ҷасади қурбонии садамаи шоми 6-ум август дар Кӯлобро ба сардхона интиқол додаанд.
Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳукми се милисаи гумонбар дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлобро эълон кард. Ҳар кадоми онҳо ба 14 солии зиндон маҳкум шуданд.
Додситонии вилояти Хатлон Рустам Нозимзода, муовини сардори Шӯъбаи бозрасиии давлатии автомобилии ноҳияи Восеъро дар садамаи марговар айбдор донистааст.
Ҷанҷоли ду ҳамсоя дар Кӯлоб, ки соле пеш аз мушту лагад то ба кордзанӣ анҷом ёфта буд, дар долонҳои додгоҳу додситонӣ ҳанӯз давом дорад. Ҳамсояе, ки худро ҷабрдида медонад, даъво дорад, ки кордзанро мақомот ҷазои кам додаанд
Шояд бовар накунед, вале дар шаҳри Кӯлоб фақат як истгоҳи автобус боқӣ мондааст. Шаҳре, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Кӯлоб севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст ва мусофирбару хатсайр дорад, аммо истгоҳи мусофирбарӣ нест. Сокинон мегӯянд, дар гармиву сардӣ ва зери офтобу барфу борон азият мекашанд. Се сол пеш бо баҳонаи бозсозӣ истгоҳҳои куҳнаро чаппа карда буданд, вале чаро ҳанӯз насохтаанд?
Додгоҳи ноҳияи Фархор қаҳрамони ба истилоҳ манфии як видеоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доманадореро барангехт, ҷарима бастааст. Бегаҳмад Назаровро барои задан ва осеб расондан ба ҳамсояаш Моҳихубон Тилавова ҷазои маъмурӣ доданд, вале ҷабрдида мегӯяд, розӣ нест.
Ёфтҳои бештар