Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, нархи ҳаҷҷи умра аз Узбекистон барои набудани баъзе хизматрасониҳо, аз ҷумла, набудани хӯрок, арзонтар аст.
Раиси Кумитаи замин дар Тоҷикистон гуфт, ҷузъиёти гуфтушунидҳо бо Қирғизистон бар сари хати марз то имзои созишномаи ниҳоӣ махфӣ хоҳад монд. Ин нукта нигарониҳоро дар бораи чӣ гуна тақсим шудани заминҳои баҳсӣ ба вуҷуд овардааст.
Раиси Кумитаи замин дар Тоҷикистон гуфт, ҷузъиёти гуфтушунидҳо бо Қирғизистон бар сари хати марз то имзои созишномаи ниҳоӣ махфӣ хоҳад монд. Ин нукта нигарониҳоро дар бораи чӣ гуна тақсим шудани заминҳои баҳсӣ ба вуҷуд овардааст.
Соли 2023 қариб 170 километр (169,48 км) хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудааст. Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон ва раиси гуруҳи топографӣ аз ин кишвар, 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод.
Нархи хона дар шаҳри Душанбе дар соли 2023 “андаке гарон” шудааст.
Нархи хона дар шаҳри Душанбе дар соли 2023 “андаке гарон” шудааст. Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, ҳоло як метри мураббаъ хона қариб 7400 сомонӣ (673 доллар) аст. Ин дар ҳолест, ки маоши миёна ҳудуди 2,5 ҳазор сомонӣ (230 доллар) аст.
Вазири маориф ва илм гуфт, истифодаи телефони мобилӣ ва планшет дар мактабҳои Тоҷикистон иҷозат дода намешавад.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, истифодаи телефони мобилӣ ва планшет дар мактабҳо иҷозат дода намешавад. Қаблан вазорат тарҳеро омода мекард, ки ба шогирдон чунин иҷозаро медод.
Андоз ё молиёти нав барои маҳву коркарди мошинҳо дар Тоҷикистон ронандагонро сахт нигарон кардааст. Тибқи қонуни нав, барои нобуд кардани нақлиёт аз соҳибони онҳо аз 1584 сомонӣ то 2880 сомонӣ талаб мешавад. Мақомот тасмимро муҳим, аммо ронандагону коршиносон меъёри онро "вазнин" донистанд.
Ташвишу шикояти сокинони Тоҷикистон дар мавриди бо маҳдудият гирифтани нерӯи барқ рӯзҳои охир бештар шудааст. Дар ҳоле ки мақомот барои содир кардани он ба баъзе аз кишварҳои ҳамсоя қарордоди нав имзо карданд.
Баръакси интизории деҳқонон зимистони имсола дар Тоҷикистон камбориш омада, хатари нагирифтани ҳосили дилхоҳро бештар кардааст.
Рӯзи 16-уми январ дар баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла, Бонки миллӣ, Академияи илмҳо ва Кумитаи ҷавонон, тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Чизе, ки намояндагони мухолифон бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна ё вафодор ба ҳукумати ҳозира медонанд.
Як корбари Радиои Озодӣ бо ирсоли номае шикоят кард, ки дар пайи боло рафтани маблағи маҳр (қалин), наметавонад издивоҷ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло маблағи қалин то 70 ҳазор сомонӣ боло рафтааст. Дар пайи ин хоҳиш барои бозтоби мавзуъ, Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки нархи қалин бояд чанд бошад?
Пайвандони як ҷавон аз шаҳри Ваҳдат мегӯянд, бо гузашти се моҳ аз лаҳзаи боздошт намедонанд, ки ӯ дар чӣ ҳол аст ва ҷараёни таҳқиқи парвандааш ба куҷо расида.
Мақомоти Қирғизистон гузоришҳоро дар бораи баррасии тарҳи бисёрзанӣ дар ин кишвар рад карданд. Пештар хабар расида буд, ки вакилони Қирғизистон мехоҳанд ба мардон иҷозаи чандҳамсарӣ бидиҳанд. Мавзӯи бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон солҳо боз баҳс мешавад, ҳарчанд Конститутсия онро манъ кардааст.
Як сокини ноҳияи Шаҳритус порае аз ҷигарашро ба ҳамсараш додааст. Аз ин кори ӯ бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавсиф карданд. Муҳаммадӣ Лолахонов мегӯяд, аз талошҳои 25 сола барои табобати ҳамсараш, тасмим гирифт порае аз ҷигари худро ба занаш диҳад. Гузориши мо дар ҳамин бора аст.
Марде, ки порае аз ҷигарашро ба ҳамсараш дод, ин рафторашро садоқат ба модари фарзандонаш ном бурд. Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, пас аз солҳо талош барои табобати ҳамсараш, тасмим гирифт порае аз ҷигари худро ба занаш диҳад.
Посухҳоро якҷо мебинем:
Ёфтҳои бештар