Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Тақсими мерос боис ба ҷангу душмании баъзе аз хоҳарону бародарон дар Тоҷикистон шудааст. Чаро?
Марги Раҷабгул Ғоибоваи 19-сола дар деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ баҳсбарангез шудааст, чун рӯзи 8-уми декабр додситонӣ иҷозаи дафни ӯро надод. Сабаб он будааст, ки хонавода бе огаҳ кардани мақомот аз зоҳиран худкушии духтар, хостаанд, ӯро бигӯронанд.
Як бинокори 21-сола аз ошёнаи ҳаждаҳуми сохтмоне дар шаҳри Кӯлоб ба замин афтода ҷон бохтааст.
Як бинокори 21-сола аз ошёнаи ҳаждаҳуми сохтмоне дар шаҳри Кӯлоб ба замин афтода ҷон бохтааст. Маркази тиҷоратии Кӯлобро ширкати “Комил-2010” месозад. Бар асоси санадҳо, ширкат ба номи Сиёвуш Зуҳуров, яке аз писарони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, сабт шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб бо ҳадафи таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ ба сохтмони 18 обанбор оғоз кардаанд.
Пайвандони наваскаре аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин иддао доранд, ки фарзандашон бемории ҷиддӣ дорад ва бо ин вуҷуд ӯро ғайриқонунӣ ба артиш бурдаанд. Додситонии ҳарбии Кӯлоб гуфт, даъвои хонаводаи сарбозро месанҷад.
Китобхонае дар Кӯлоб макони оромиши як зиндонии собиқ шудааст, ки солҳо боз кор пайдо намекунад.
Як ҳафта баъди сар задани баҳси тахриби ду макони кори тоҷирон дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб, рӯзи 6-уми ноябр савдогарони норозӣ аз ин тасмим пароканда шуданд.
Гурӯҳе аз тоҷирони бозори “Саховат”-и Кӯлоб ба тасмими масъулони бозор эътироз доранд. Аз онҳо хоста шудааст, ки ҳарчи зуд нуқтаи савдоро холӣ кунанд. Тоҷирон мегӯянд, бозор ягона манбаи даромади онҳо аст ва ҳоло ба куҷо бираванд ва рӯзии худу фарзандонро ёбанд.
Ба иттилои расмӣ, тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, рӯзе нест, ки дар роҳҳо як нафар ҳалок нашавад.
Бино ба арқоми расмӣ, садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтаву ба гуфтаи мақомот, рӯзе нест, ки дар роҳҳо як нафар ҳалок нашавад. Аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб сокинон ҳар бор бо тарсу эҳтиёти зиёд аз роҳ мегузаранд.
Ду маъмури милисаро дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба гумони латукӯби сокини ноҳия Нурмуҳаммад Абдурасулов дастгир кардаанд.
Беобӣ боғи Искандар Исмоиловро ба нобудӣ мекашонад. Боғи ӯ дар ҷамоати Зарбдори Кӯлоб ҷойгир аст ва имсол камбуди об ҷиддӣ шудааст. Аз ин сабаб пахтаи қариб расида нобуд шуд ва ба ҷойи фоида зарар овард.
Дар Кӯлоб мақомоти назоратӣ санҷиши дорувориҳоро анҷом дода ва даҳҳо доруфурушро барои фурухтани доруҳои куҳна ва ё пастсифат ҷарима бастаанд. Баъди анҷоми тафтиш садҳо килограм аз ин доруҳоро оташ заданд ва Маҳмудҷон Раҳматзода ҳамкори мо дар Кулоб ҳам дар онҷо буд.
Мансабдорон дар Тоҷикистон мегӯянд, баъди ба қудрат расидани гуруҳи "Толибон" дар Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир ба кишвар бештар шудааст. Ҳокимони нави Кобул баръакс иддао доранд, ки кишту тавлиди маводи мухаддирро дар ду соли охир кам кардаанд.
Як зан дар ноҳияи Восеъ келинашро ташвиқ менамояд, ки ба рассомӣ машғул шавад ва ӯро барои муаррифии наққошиҳояш дар озмунҳо ҳамроҳӣ мекунад.
Ёфтҳои бештар