Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Гурӯҳе аз сокинони як бинои 18 ошёна дар Душанбе мегӯянд, аз ночорӣ дар хонаҳое маскун шудаанд, ки на барқ дорад ва на об ва на шароити оддӣ барои зиндагӣ. Ширкати сохтмонӣ, ки бояд хонаро сохта ба соҳибонашон медод, тақрибан ду сол аст, ки дар анҷоми сохтмон таъхир мекунад.
Як марди нобино дар Душанбе 6 моҳ боз касонеро меҷӯяд, ки бо баҳонаи кӯмак ӯро ғорат кардаад ва пулашро бурдаанд.
Як марди нобино дар Душанбе шаш моҳ боз ҷавонеро меҷӯяд, ки бо баҳонаи некӣ ӯро ғорат кардааст. Аслиддин Ҷалилов мегӯяд, ҷавон бо истифода аз корти бонкии ӯ пулро аз ҳисоби бонкиаш гирифт. Мақомоти интизомӣ ҳам зоҳиран парванда ва шикояти ин марди нобино ва муҳтоҷро фаромуш кардаанд.
Баробари аз кор мондани низоми "Контакт", муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва гӯшаҳои дигар дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нави пулфиристӣ ба пайвандон шудаанд. Бонки Миллӣ гуфт, Русия иҷозаномаи "Киви Бонк", молики системаи "Контакт"-ро бозпас гирифт ва интиқоли пул тариқи ин система ба Тоҷикистон номумкин гардид.
Порлумони Тоҷикистон чанде пеш тарҳи ислоҳшудаи қонунро "Дар бораи боҷи давлатӣ" қабул кард. Тибқи он, боҷи давлатӣ барои беэътибор кардани ақди никоҳ афзудааст ва зан ё шавҳаре, ки талоқ мехоҳад, бояд ба давлат 500 сомонӣ супорад. Ҳадаф коҳиши талоқҳо гуфта шудааст. Оё мусоидат мекунад?
Навбатдори Идораи барқи Душанбе гуфт, дастур гирифтаанд, ки интиқоли нерӯи барқро бо навбат дар маҳаллаҳои пойтахт қатъ кунанд.
Навбатдори Идораи барқи Душанбе гуфт, дастур гирифтаанд, ки интиқоли нерӯи барқро бо навбат дар маҳаллаҳои пойтахт қатъ кунанд. Сокинон мегӯянд, дар ҳавои хунук се рӯз боз соатҳо аз рӯшноиву гармӣ маҳрум ҳастанд. Ин ҳолат зиндагиро дар баландошёнаҳо мушкилтар кардааст.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, барои озодӣ аз пардохти андоз ё молиёт ба ширкату корхонаҳо дигар ба таври бебаркаш ва бемаҳдуд сабукӣ нахоҳанд дод.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, барои озодӣ аз пардохти андоз ё молиёт ба ширкату корхонаҳо дигар ба таври бебаркаш ва бемаҳдуд сабукӣ нахоҳанд дод. Бо талаби баъзе аз созмонҳои молии байнулмилалӣ, маҳдудият ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, муҳлати тақдими имтиёз на бештар аз панҷ сол хоҳад буд.
Дар як соли ахир дар Тоҷикистон бештар аз 21 ҳазор соҳибкор аз фаъолият даст кашидаанд ва ё ба кори дигаре машғул шудаанд. Аз ин теъдод наздики 1000 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва бештар аз 20 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ буданд.
Дар як соли гузашта бино ба омори расмӣ ҳазорон соҳибкор дар Тоҷикистон аз тиҷорат даст кашидаанд ва ё ба фаъолияташон хотима додаанд. Бахусус соҳибкорони хурду миёна, ки барои иқтисоди кишваре фавқуллода муҳим аст.
Танҳо дар як соли гузашта дар пайи ҷудо шудани оилаҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 11 ҳазор кӯдак нимаятим монданд. Яъне ҳар рӯз 28 кӯдак аз тарбия ва оғуши гарми падар ё модар маҳрум шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, яке аз боздоштшудаҳо дар парвандаи куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк" дар боздоштгоҳ фавтидааст.
Танҳо дар як соли гузашта дар пайи ҷудо шудани оилаҳо дар Тоҷикистон 11 ҳазор кӯдак нимаятим мондаанд. Яъне талоқ сабаб шуда, ки ҳар рӯз 28 кӯдак аз тарбия ва оғӯши гарми падар ё модар маҳрум шаванд. Баъди ҷудоии оилаҳо, ки баҳсу ҷанҷолҳои тӯлонӣ дар пай дорад, бештар аз ҳама кӯдакон ҷабр мекашанд.
Бо вуҷуди шикояти пайвастаи сокинон аз болоравии қимати маводи ғизоӣ аз ҷумла нону равған, мақомоти Бонки Миллӣ мегӯянд, қурби сомонӣ аз меъёри пешбиникардаи онҳо поин нарафтааст. Таваррум, ки нишондиҳандаи поинравии қурби пули ҳар кишвар аст, ба қавли раиси Бонки миллӣ соли гузашта зиёд набуд.
Сокинон дар Тоҷикистон мегӯянд, нархи молу маҳсулот сол то сол дар бозор босуръат боло меравад, вале мақомот мегӯянд, вазъ мӯътадил аст.
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, қонунгузории кишвар пӯшидани ҳеч гуна либос аз ҷумла рӯсариро барои занон манъ накардааст. Баъзе бонувони тоҷик шикоят доранд, ки доштани сатр барояшон як мушкил дар пайдо кардани ҷойи кор шудааст.
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, қонунгузорӣ пӯшидани ҳеч гуна либос аз ҷумла рӯсариро барои занон манъ накардааст. Аммо баъзе бонувон шикоят доранд, ки сатрпӯшӣ як монеае дар роҳи пайдо кардани ҷойи кор шудааст.
Дар моҳи июни соли 2023 дар Тоҷикистон мардеро ба иттиҳоми қатли зани дуюмаш боздошт карданд. Мақомот гуфтанд, шавҳар пас аз ҷанҷолу даъвои хонаводагӣ ҳамсарашро оташ задааст.
Дар барномаи имрӯз дар бораи оқибатҳои бади чандҳамсарӣ ва паёмадҳои он барои кӯдакон суҳбат мекунем. Сарнавишти як ҳамсари дуввумро мебинем, ки чаҳор сол боз дар додгоҳ кашмакаш дорад ва ҳам тавсияҳои мутахассисону равоншиносонро мепурсем.
Ёфтҳои бештар